Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шаргункумур" ба Тоҷикистон ангишт мефурӯшад


Ширкати “Шаргункумур”-и Узбакистон содироти ангиштсанг ба Тоҷикистонро шурӯъ кард. Хабаргузории русии Регнум менависад, ки ин ширкат тибқи қарордод бояд то моҳи апрели соли оянда ба Тоҷикистон 70 000 тонна ангиштсанг содир кунад.
Маблағи умумии қарордод 3,5 миллион доллар баровард шуда, фаровардаҳои “Шаргункумур”-ро тавассути роҳи оҳани Тирмиз –Қӯрғонтеппа –Ёвон ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд.
XS
SM
MD
LG