Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоми сухангӯи додгоҳи олӣ бо қаллобӣ


Тибқи хабарҳои расида, сухангӯи додгоҳи олии умури иқтисодии Ӯзбакистон ба иттиҳоми тамаъкорӣ ва қаллобӣ мавриди боздошт қарор гирифтааст.

Нашрияи электронии «Садои озодӣ» навиштааст, ки Холлӣ Норбоеви 35-сола ба чанд довталаби донишгоҳҳои кишвараш ваъда додааст, ки онҳоро шомили донишгоҳҳо мекунад ва ба ин васила аз онҳо пули хеле зиёд ситонидааст.

Абдураҳмон Ташанов, як ҳомии ҳуқуқи башари «Эзгулик», мақараш дар Тошканд, ки Холлӣ Норбоевро аз наздик мешинохтааст, изҳор кардааст, ки маҳз қаллобӣ ва тамаъкорӣ боиси боздошти Норбоев гардид.

Бино ба ин манбаъ дар ҳамин ҳол мақомоти додгоҳи олии умури иқтисодӣ аз шарҳу тавзеҳи ин ҳодиса хомӯширо беҳ донистаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳомиёни дигари ҳуқуқи башар боздошти Холлӣ Норбоевро як амали тарҳрезишуда аз ҷониби кормандони умури интизомии Ӯзбакистон арзёбӣ кардаанд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, Холлӣ Норбоев, ки чанд сол мақоми муовини сардабири рӯзномаи «Инсон ва қонун» - нашрияи вазорати адлияи Ӯзбакистоно бар ӯҳда дошт, ба ҳайси сухангӯи додгоҳи олии ҷумҳурӣ ифои вазифа кард.

Коршиносони масоили матбуоти Ӯзбакистон гуфтаанд, ки дар ин авохир боздошт ва ба додгоҳ кашидани як идда хабарнигорони варзида аз маҳдудиятҳои ҳар чи бештари озодии баён дар Ӯзбакистон шаҳодат хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG