Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти нахустини раҳбарони BRIC дар Екатеринбург


Имрӯз дар Екатеринбурги Русия раҳбарони 4 кишвари бузургтарини дар ҳоли рушд – Бразилу Русия ва Ҳинду Чин – гирди ҳам меоянд. Ин нахустин мулоқоти ин чоргонаи маъруф бо номи BRIC буда, ба дунболи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай сурат мегирад.
Мақомоти Русия мегӯянд, раҳбарони BRIC мавзӯъи ислоҳоти ниҳодҳои байналмилалии молиро баҳс хоҳанд кард.
Иқтисоди Бразилу Русия ва Ҳинду Чин дар ҳоли ҳозир 15 дарсади иқтисоди ҷаҳонро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG