Ба ақидаи таҳлилгарон, Нетаняҳу мавқеи худро зери фишори ИМА тағйир дода, ҳамзамон шартҳое пеш гузошт, ки розӣ шудани фаластиниҳо ба онҳо гумон аст.
Як ҳафта баъд аз муроҷиати раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба мусалмонони ҷаҳон Нетаняҳу дар як изҳорот гуфт, ки шартҳои асосии ташкили давлати фаластинӣ - ин ғайринизомӣ будани ин давлат ва ба расмият шинохтани Исроил ба ҳайси давлатӣ яҳудиҳо аз сӯи кишварҳои арабист.
Тибқи ин изҳорот, муҳоҷирони фаластинӣ, ки аз манзилҳояшон дар қаламрави Исроил ронда шудаанд, умеди бозгаштро аз даст хоҳанд дод. Нетаняҳу эълом намуд, ки бо иҷрои ин шартҳо вай метавонад ба ташкили давлати Фаластин дар ҳамсоягии Исроил розӣ шавад.
Дар изҳороте, ки таҳлилгарон онро ҳамчун посух ба Обама арзёбӣ мекунанд, Нетаняҳу аз қатъи фаврии бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар минтақаҳои ишғолшудаи фаластинӣ саркашӣ намуд. Вай инчунин изҳор дошт, ки Байтулмуқаддас бояд таҳти идораи исроилиҳо боқӣ бимонад.
Таҳлилгарон ҳадс мезаданд, ки баъд аз пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон Нетаняҳу дар изҳороташ ба хатари барномаи баҳсбарангези ҳастаии Теҳрон тамаркуз хоҳад кард. Нетаняҳу бори дигар такрор намуд, ки Эрони мусаллаҳ бо силоҳи ҳастаӣ ин таҳдиди аслист, аммо болои ин мавзӯъ зиёд сӯҳбат накард.
Нетаняҳу дар муҳити идеолужии милатгароӣ бузург шуда ва бист соли фаъолияти сиёсиашро барои танқиди талошҳои истиқрори сулҳ сарф намудааст, ва аммо, ба гуфтаи таҳлилгарон, изҳороти ахир аз тағйири мавзеъгириаш шаҳодат медиҳад.
Вай ба мардум ва раҳбарони фаластинӣ муроҷиат намуда гуфт, “ман шумо ҳамсояҳои фаластиниамон ва раҳбарияти ҳукумати фаластиниро даъват мекунам, ки биёед бедаранг музокироти сулҳро бидуни шартгузориҳо қаблӣ оғоз кунем. Биёед сулҳ кунем. Ман мехоҳам бо шумо дар куҷое, ки набошад ва кадом вақте ки набошад, вохурам. Дар Димишқ, Риёз, Бейрут ё дар Байтулмуқаддас”.
Нетаняҳу афзуд, ӯ хавф дорад, ки Каронаи бохтарии рӯди Урдунро сарнавишти навори Ғазза интизор аст. Исроил соли 2005 аз Ғазза хориҷ шуд ва акнун он минтақаро ҷунбиши Ҳамос идора мекунад ва аз онҷо ба Исроил мушакҳо партоб мешаванд. Ба ҳамин хотир, гуфт Нетаняҳу, агар давлати фаластинӣ ташкил шавад, вай бояд ғайринизомӣ бошад.
Сарвазири Исроил гуфт, кишвараш ба уҳдадориҳояш дар робита ба созишномаҳои байнулмилалӣ содиқ аст ва умед дорад, ки дигар ҷонибҳои зидахл низ тааҳудотаашонро иҷро мекунанд. Ӯ афзуд, ки фаластиниҳо бояд Исроилро ҳамчун давлати яҳудиҳо бипазиранд.
Нетаняҳу таъкид бар он кард, ки мушкили муҳоҷирони фаластинӣ бояд берун аз қаламрави Исроил ҳалли худро пайдо кунад ва дар хоки Исроил набояд шаҳракҳои фаластинӣ боқӣ монанд. Дар навбати худ ӯ ваъда дод, ки исроилиҳо дар заминҳои ғасбшуда шаҳракҳои яҳудинишин бунёд нахоҳанд кард.
Дар нахустин вокуниш мақомдорӣ аршади фаластинӣ Саеб Эрекат гуфт, тарҳи нахуствазири Исроил дарҳои музокиротро бастааст. Раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос дар баёнияи расмиаш гуфт, ки суханронии Нетаняҳу ин тахриби талошҳои истиқрори сулҳ аст. Ҷунбиши Ҳамос суханронии сарвазири Исроилро намунаи идеоложики нажодпарастӣ ва ифротгароёна номид.
Сухангӯи Кохи Сафед Роберт Гибс гуфт, ки раисиҷумҳур Обама аз суханронии Нетаняҳу истиқбол намуда, онро гоми муҳим ба пеш хондааст.