Ширкати "Узтрансгаз"-и Ӯзбекистон ба ҷониби Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки агар то 15-ӯми июн Тоҷикистон қарзи худро пардохт накунад, 15-ӯми июн соати 17:00 интиқоли газро ба ин ҷумҳурӣ қатъ мекунад. Бино ба гузоришҳо, ин қарз 18 миллион долларро ташкил медиҳад. Ҷониби Ӯзбекистон ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки аввал 8 миллион қарзи соли гузаштаро пардохт кунад, сипас боқимондаро. Ӯзбекистон мегӯяд, дар сурати пардохти қарзи соли гузашта "Узтрансгаз" ҳозир хоҳад буд дар бораи идомаи интиқоли газ бо Тоҷикистон гуфтугӯ кунад.