Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон дар марз хандақ меканад


Хандақи кандаи марзбонони узбак дар минтақаи ҳаммарз бо Ҷалолободи Қирғизистон
Хандақи кандаи марзбонони узбак дар минтақаи ҳаммарз бо Ҷалолободи Қирғизистон

Ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон, Узбакистон баъди таркиш дар Хонободи Андиҷон бидуни мувофиқа дар марз ба кофтани хандақҳо оғоз кардааст.

Ин мақомот мегӯянд, чунин иқдоми марзбонони Узбакистон дар миёни сокинони минтақаҳои марзии Қирғизистон низ вокунишҳои манфиро ба бор овардааст.

Саломат Аламанов, раиси комиссияи назди ҳукумати ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тайини марз бо Узбакистон, мегӯяд, марзбонони узбак кофтани хандақҳоро беш аз пеш тавсеа медиҳанд, ки боиси нигаронии онҳост.

Ин мақоми қирғиз гуфт, ҳарчанд дар минтақаҳои бо вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолобод ҳаммарзии вилояти Андиҷон хандақҳо дар масофаи се метр дур аз васати марз канда мешаванд, вале тибқи иттилои онҳо, марзбонони узбак ин корро дар минтақаҳое низ идома медиҳанд, ки таъини марз ба анҷом нарасидааст.

Раиси комиссияи наздиҳукуматии Қирғизистон мегӯяд, як ҳайати вижа ба ин минтақа фиристода шуд, ки нахоҳанд гузошт, марзбонони ҷониби Узбакистон хатти марзро сарфи назар кунанд ва барои худ он ҷо хандақҳо кобанд.

Ишонбой Абдураззоқов, як коршиноси масоили сиёсии қирғиз, мегӯяд, дар замони Шӯравӣ Қирғизистон заминҳои зиёди худро ба Узбакистон бахшидааст, ки онро даҳсолаҳои зиёд ба хотири чорвопарварӣ истифода карданд.

Ин коршинос афзуд, ба далели он ки ин кор дар он замон хеле сатҳӣ анҷом дода шудааст, санадҳои тақсимбандии марз бояд дубора мавриди корбаст қарор гиранд.

Бино ба иттилоҳои расида аз ҷануби Қирғизистон, сокинони рустоҳои бо Узбакистон ҳаммарзи вилояти Ботканд ибрози ташвиш кардаанд, ки марзбонони узбак дар ин самти марз ба арзи се ва умқи ду метр ба дарозои бештар аз ду километр хандақ кандаанд.

Абдурасул Маматалиев, раиси ҷамоати маркази ноҳияи Қадамҷо, дар ин маврид гуфтааст, ки ин хандақҳоро онҳо аз об пур хоҳанд кард.
Ба гуфтаи коршиносон, барои кофтани хандақҳое, ки тӯли марзи Узбакистон бо Қирғизистонро аз ҳам ҷудо хоҳад кард, нерӯи кофӣ зарур аст. Ба ақидаи ин коршиносон, вале дар ҳамин ҳол Узбакистон ин нерӯҳоро зери даст надорад.
XS
SM
MD
LG