Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати фармондеҳи "Толибон" дар Ғӯр


Дар Афғонистон як фармондеҳи аршади ҷунбиши “Толибон” ва 16 фарди мусаллаҳи зердасти ӯ кушта шуданд. Гуфта мешавад, ки мулло Мустафо ба дастаи иборат аз 100 ҷанганда сарварӣ мекард. Ба иттилоъи низомиёни амрикоӣ, мавқеъи ин гурӯҳи толибон дар вилояти Ғӯр аз ҳавопаймоҳо бомбборон шуд. Ҳадафи аслии ин амалиёт – аз байн бурдани мулло Мустафо буд. Ба иттилоъи низомиён, ин фармондеҳ ахиран бо раҳбарони “Толибон” мулоқоти вижа дошт. Гуфта мешавад, ки мулло Мустафо бо хадамоти кашфи Эрон низ ҳамкорӣ мекард.
XS
SM
MD
LG