Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадади Амрико ба осебзадагони Хуросон


Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ки ахиран аз ду обхезии пайдарпай осеб дидаанд, кӯмак расонд.

Дар посух ба даъвати Гурӯҳи арзёбии сареъ ва вокуниши ҳамоҳанг дар авзоъи изтирорӣ, ки ба Барномаи рушди СММ марбут аст, сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба осебзадагони сел хайма, рахтҳои хоб, кампал, кат, зарфҳои обгирӣ ва дигар ашёи мавриди ниёз дод.

Дар изҳороти сафорат гуфта мешавад, ҳаҷми умумии кӯмак ба 243 ҳазор доллар баробар буда, тибқи барномаи махсус имдод ба осебзадагони офатҳои табиӣ ва хонаводаҳои нодор аз тарафи Амрико идома хоҳад ёфт.

Бар асари селу ярч дар охири моҳи апрел ва аввали майи соли равон дар ноҳияи Хуросон зиёда аз 200 хона пурра ё қисман вайрон шуда, зиёда аз 1 500 нафар аз манзил ва дороиҳои худ маҳрум гаштанд.

Ҳамчунин қарор аст, рӯзи сешанбеи 9 июн, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Хуросон дидан кунад ва бо вазъи бунёди манзилҳои нав барои офатрасидагон ошно гардад. Ба иттилои Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, президент Раҳмон инчунин аз урдугоҳи хаймагӣ, ки барои мардуми бехонумоншуда бунёд ёфтааст, дидан кунад.

Дар ҷараёни ҳамин сафар, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар навоҳии Бохтар ва Ҷалолиддини Румӣ низ таваққуф хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG