Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хисорот аз обхезӣ дар Хатлон ва Суғд


Бар асари борони шадид ва обхезиҳо дар навоҳии вилоёти Хатлон ва Суғд беш аз 50 хона тахриб шуда ва садҳо ҳектор киштзор нобуд шудааст.

Селбориши бесобиқаи ду рӯзи ахир ҳамоно дар вилояти Хатлон даҳҳо нафарро бехонаву дар мекунад.

Ахиран бар асари боришоти шадид дастикам 24 манзили зисти сокинони деҳаи Даштободи Болои ҷамоати Оби Мукии ноҳияи Ёвон қисман тахриб шуда, заминҳои кораму наздиҳавлигии онҳо комилан талаф ёфтааст.

Қаҳҳорбек Ҳасанов, раиси ситоди оид ба рафъи пайомадҳои офат дар Ёвон ва ҳамзамон муовини раиси ҳамин ноҳия, бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки талафоти ҷонӣ бар асари офати табиӣ набудааст, аммо ҳаҷми хисороти расида бисёр қобили мулоҳиза мебошад.

Муовини раиси ноҳияи Ёвон гуфт, вазъи сиҳҳатии хонаводаҳои ҷабрдида мӯътадил аст, аммо ин хонаводаҳо аз ҳосили маводи кишткардаашон, аз ҷумла гандум, картошка ва пахта, пурра маҳрум шуда, барои бозсозии хонаҳо ва хоҷагӣ барояшон маболиғи зиёд лозим будааст.

Селбориш ва асароти манфии он ба вазъи беҳдоштӣ ва иҷтимоии сокинони Ёвон дар ҳоле ба мушоҳада расид, ки рӯзи якшанбе дар аксари шаҳру навоҳии вилояти Хатлон мардум аз шуста шудани заминҳои кишти гандум ва сабзиҷоти худ хабар ёфтанд. Ҳамин гуна заминҳои наздиҳавлигии бархе аз сокинони деҳотҷойи Кӯлоб ва навоҳии атрофи он ба ҳадде тахриб шудааст, ки умеди рӯёнидани ҳосил аз он боқӣ намондааст. Хамчунин, тибки иттилои макомот, длар нохияи Муъминобод сед Панч манзили зистро вайрон кардааст.

Дар ноҳияи Хуросон, ки ахиран даҳҳо манозили сокинони деҳаи «18-ум Партсйезд»-и ин ноҳияро сел тахриб кард, рӯзи якшанбе бар асари боришоти шадид қисмате аз кӯҳпора лағжиш хӯрда, рӯйи роҳ рехт ва ҳаракати мошинҳоро дар масири Душанбе-Қӯрғонтеппа барои чанд соат номумкин кард.

Рустами Сафар, шоҳиди бевоситаи ин ҳодиса, гуфт: «Мошинхо ҳаракат карда наметавонистанд, фақат бегоҳ каме роҳро тоза карданд ва барои гузаштани танҳо як мошин ҷо шуд. Боз шунидам, ки дар маҳаллӣ «18-ум Партсйезд» ҳам дубора сел омадааст…»

Дар ҳамин ҳол, наздики 600 сокини деҳаи тахрибшудаи «18-ум Партсйезд» рӯзу шаби селбориши навбатиро андаруни қариб 120 хаймаи худ, ки асосан аз сӯйи созмонҳои байналмилалӣ дастрас кардаанд, сипарӣ намуданд.

Зоир Фатҳуллоев, сухангӯи Ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Хатлон, гуфт, аҳолии деҳаи «18-ум Партсйезд» муваққатан ба мавзеи бехафв кӯч дода шудаанд ва интизори он ҳастанд, ки кай ва дар кадом маҳал барои сохтмони манзили нав ба онҳо замин ихтисос дода мешавад.

Ахиран дар ҳукумати Тоҷикистон ҷаласаи вижа доир шуда, масъалаи ироаи кӯмакҳо ба хонаводаҳои осебдида дар пайи боришоти сел дар он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳукумат ба аҳолии зарардида ваъдаҳо супурдааст, ки барояшон аз мавзеи дигари бехафв барои сохтмони манзили нав замин медиҳад. Ба гуфтаи мақомот, пас аз ифтитоҳи суратҳисоби бонкӣ барои ихтисоси кӯмакпулиҳо ба зарардидагони деҳи «18-ум Патсйезд», дар бонк зиёда аз ним миллион сомонӣ маблағ ғун шудааст.

Ин дар ҳолест, ки тайи рӯзҳои ахир дар минтақаи шимоли кишвар дар ноҳияи Панҷакент низ бар асари борон ва жолаи шадид ва омадани сел беш аз 30 хона тахриб шуда, беш аз 500 ҳектор киштзор нобуд шудааст.

Ҳукумати шаҳри Панҷакент барои бартараф намудани ин офати табиӣ якҷо бо ситоди ҳолатҳои изтирорӣ кумиссиюни вижаеро таъсис додаанд ва амалиёти барқароркуниро шурӯъ намудаанд.

Бо ин вуҷуд, мақомоти Тоҷикистон аз созмонҳои байналмилалӣ, ташкилоту муассисаҳои ватании давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ хостори ироаи кӯмакҳои бештар ба оилаҳои зарардида шудааст.
XS
SM
MD
LG