Бино ба гузоришҳо аз Афғонистон, дар як амалиёти муштараки нируҳои Афғонистон ва нируҳои эътилофи байналмиллалӣ ба раҳбарии Амрико ҳудуди 30 нафар шӯришиён кушта шудаанд. Абдулраҳмон Сарҷунг-фармондеҳи пулиси вилояти Зобул гуфт, дар ҷангҳо бештар аз 20 шӯришии Толиб ва як корманди пулиси афғон кушта шудаанд. Халил Андаробӣ-фармондеҳи пулиси Форёб гуфтааст, ки шӯришиён дар вилояти онҳо ба як посгоҳи пулис ҳамла бурдаанд ва 4 корманди пулисро ба қатл расондаанд. Дар ҳамлаи дигари Толибон дар вилояти Пактико фармондеҳи пулиси вулусволии Сарҳавза кушта шудааст.