Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Ибодӣ аз рафтори Аҳмадинажод


Ширин Ибодӣ - барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, Маҳмуди Аҳмадинажод - раиси ҷумҳури Эронро барои ончӣ ки ӯ “фишори бесобиқа ба фаъолони ҳуқуқ” хондааст, танқид кард. Дар як номаи боз ба унвони раиси ҷумҳури кишвараш Ширин Ибодӣ аз ӯ хостааст, “то аз фишорҳои амниятиву сиёсӣ ба фаъолони ҳуқуқ” ҷилавгирӣ кунад. Вай гуфтааст, “истифодаи ҳаққи шаҳрвандони эронӣ ба ҳайси як моли муомила миёни ҳукумат ва хориҷиён” боиси маҳкумият аст. Ширин Ибодӣ ҳамчунин хостааст, то дафтари кории гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи ӯро, ки соли гузашта мақомот баста буданд, боз кунанд.
XS
SM
MD
LG