Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи интихоботи сарнавиштсози Лубнон


Бино ба гузоришҳо, афроди зиёде имрӯз дар Лубнон барои раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонӣ ба қитъаҳои раъйдиҳӣ мешитобанд. Дар ин корзори сиёсии сарнавиштсози Лубнон ду эътилоф рақобат доранд, аввалӣ бо раҳбарии Саъд Ҳарирӣ сиёсатмадори суннимазҳаб ва дуввумӣ бо раҳбарии “Ҳизбуллоҳ” гурӯҳи шиъамазҳабе, ки аз тарафи Сурияву Эрон ҳимоят мешавад. Кишварҳои ғарбӣ тарафдори Саъд Ҳарирӣ ҳастанд. Пас аз раъйдиҳӣ дар интихобот Мишел Сулаймон – раиси ҷумҳури Лубнон гуфт, аз ҷараёни интихоботи қаноатманд будааст, вале ҳушдор дод, ки “агар хушунат дар Лубнон” боқӣ бимонад, тамоми мардуми кишвар хоҳад бохт. Барои ҳифзи тартибот дар рӯзи интихобот, ки 200 нозири хориҷӣ онро назорат мекунанд, 50 ҳазор маъмури амниятиро сафарбар намудаанд. Бар асоси низоми сиёсии Лубнон 128 курсии порлумони Лубнонро масеҳиёну мусулмонон баробар тақсим мекунанд, ки дар он ҳамчунин намояндаҳои аққалиятҳои дигар ҳам шомил мешаванд.
XS
SM
MD
LG