Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ингушистон қозии додгоҳ кушта шуд


Бино ба хабарҳо, Тимур Угурчиев-яке аз қозиёни додгоҳи ҷумҳурии Ингушистони Русия дар шаҳри Назран дар сӯиқасде кушта шудааст. Вай ҳангоме, ки савори мошин ба маҳали кораш ҳаракат мекард, ҳадафи тири шахси номаълум қарор гирифт. Тибқи хабари дигар, як афсари хадамоти амниятии Русия дар ҳодисаи алоҳида, дар як задухурди нируҳои федеролӣ бо гурӯҳи шӯришиён дар шаҳраки Мужичӣ кушта шудааст. Дар ин тирандозӣ 4 нафар аз шӯришиён низ ба қатл расидаанд.
XS
SM
MD
LG