Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба суханронии Обама


Абдуллоҳ Гул, раисҷумҳури Туркия гуфт, суханронии “воқеъбинонаи” Барак Обама дар Қоҳира собит мекунад, ки ӯ шарики хубе барои кишварҳои мусулмонӣ аст, ки барои сулҳ дар Ховари Миёна кор мекунанд. Абдуллоҳ Гул гуфт, мавқеъи Обама дар мавриди сулҳи минтақавиро бисёр муносиб дарёфтааст. Ба гуфтаи раисҷумҳури Туркия, суханронии Барак Обама “содиқонаву самимӣ ва воқеъбинона” будааст.

Дар вокуниш ба суханронии Обама, Шайх Аҳмад Бадриддин Ҳассун довари олирутбаи исломии ҳукумати Сурия гуфтааст, “ташаккур барои ҳарфҳои шумо раисҷумҳур Обама”. Аммо гуфтааст ин рӯҳонӣ онҳо мехоҳанд, на танҳо ҳарфи холӣ, балки амалро бубинанд.

Ҳукумати Исроил гуфт, мисли Обама орзуи сулҳи Исроил бо ҷаҳони арабро дорад.

Хавиер Солана, сиёсатгузори умури хориҷаи Иттиҳоди Аврупо суханронии Обамаро “олӣ” номида гуфт, он “саҳифаи наверо дар муносиботи ҷаҳони исломии араб” боз хоҳад кард.

Амр Мӯсо, раҳбари Лигаи арабӣ суханронии Барак Обамаро “ботавозун” хонд ва гуфт, он роҳро барои ҳамкориҳои хуб боз кардааст.
XS
SM
MD
LG