Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабирӣ: Паёми Обама "аз ислом ва ҷаҳониён буд"


Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, дар паёми Барак Обама пеш аз ҳама садоқат ва самимиятро эҳсос кардааст.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи панҷшанбе дар паёми вижае ба мусалмонон муроҷиат карда, хостори оғози нав дар равотиби Амрико бо ҷаҳони Ислом шуд. Обама дар суханронии 47-дақиқагиаш дар донишгоҳи Ал-Аҳзар дар Қоҳира, пойтахти Миср, гуфт, тундравон дар пайи коштани тухми нифоқ байни Ғарбу мусалмононанд, вале ба эътиқоди ӯ, “давраи шубҳаву нифоқ” бояд поён дода шавад.

Обама бори дигар аз ташкили давлати мустақили Фаластин дар канори Исроил пуштибонӣ кард ва гуфт, фаластиниҳо бояд хушунат ва Исроил идомаи сохтмони шаҳракҳои яҳудинишин дар сарзаминҳои фаластиниро қатъ кунанд. Обама ҳаққи Эрон ба барномаҳои мусолиматомези ҳастаиро низ эътироф кард, вале гуфт, мухолифи сабқати ҳастаӣ дар Ховари Миёна аст.

Суханронии Барак Обама дар Қоҳира дар кишварҳои мусалмонии ҷаҳон бозтоби густардае пайдо кардааст. Ба сурати умум, дар ҷаҳони Ислом аз паёми раисиҷумҳури Амрико ба таври мусбат истиқбол кардаанд. Аксарият ин паёмро як оғози хуб ва қадаме ба сӯи пеш дар сиёсати Амрико мехонанд. Аммо мегӯянд, акнун фурсати амал кардан ба ин суханон фаро расидааст.

Ҳамзамон бархе гурӯҳҳои исломӣ гуфтаанд, байни ончӣ ки Обама дар Қоҳира ба забон овард ва сиёсатҳои воқеъии Амрико фарқ хеле бузург аст. Ба эътиқоди ин гурӯҳҳо, раисиҷумҳури Амрико ба ҷойи андарз хондан ба мусалмонон бояд сиёсатҳои кишвараш дар қиболи ҷаҳони Исломро дар воқеъ тағйир бидиҳад.Аммо ба сурати умум, вокунишҳо ба суханронии Барак Обама дар ҷаҳони Ислом асосан мусбат будааст.

Муҳиддини Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иттифоқан дар ин шабу рӯз бо сафаре дар Қоҳира, пойтахти Миср, ба сар мебарад. Оқои Кабирӣ дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар паёми Барак Обама пеш аз ҳама садоқат ва самимиятро эҳсос кардааст, вале мутмаин ҳаст, ки ин паём бештар ба худи Амрико ва ҷаҳони Ғарб буд.

Барои шунидани сӯҳбати пурраи Муҳиддини Кабирӣ тугмаи "Бишнавед"-ро дар гӯшаи рост зер кунед.
XS
SM
MD
LG