Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба "оғози нав" даъват кард


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Барак Обама, паёми худро ба мусулмонони ҷаҳон бо даъвати як оғози нави муносибатҳо шурӯъ кард.

Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, дар паёми таърихияш дар Қоҳира хостори тафоҳуми беҳтар миёни Иёлоти Муттаҳида ва олами ислом шуд. Аммо ҳамзамон иқрор кард, ки ягон суханронӣ наметавонад, натиҷаи нобоварии чандинсоларо аз байн барад ва якшаба ҷаҳонро тағйир диҳад.

Тағйир, ба гуфтаи Обама, бар пояи ростӣ, иқрору эътироф, эҳтироми тарафайн ва ҳамкорӣ имконпазир хоҳад шуд. Ва аз ҳама бартар
Ин гирдгардони шубҳа ва нифоқ бояд хотима ёбад...
замоне имконпазир хоҳад шуд, ки гузаштаро ба гузашта бигузошт ва бо чеҳраву дили боз ояндаро пешвоз гирифт.

Ин усул, ки дар нутқи Обама борҳо ба шаклҳои гуногун зикр ёфтанд, тақрибан ба ҳамаи масъалаҳои мавҷудаи байни Ғарб ва ислом дахл мекунанд.

Бо ишора ба давраи мустамликадорӣ, ки имконияти бисёре аз мусулмононро маҳдуд кард ва Ҷанги сарди байни абарқудратон, ки давлатҳои мусулмонро ба мӯҳраҳо табдил дод, Обама гуфт, рушди муосир ва ҷаҳонишавӣ Ғарбро дар чашми бисёре аз мусулмонон ба ҳайси душмани анъанаҳои исломӣ падид овард.

Ба гуфтаи Обама, аз чунин вазъият тундгароён ба суди худ истифода карданд ва ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 беэътимодиро ба
Ҳозирон дар толори Донишгоҳи Ал-Азҳар ба суханони президенти Амрико, Барак Обама гӯш медиҳанд. Қоҳира, 4 июни соли 2009.
хусумат табдил доданд. Раисиҷумҳури Амрико афзуд, кишвараш мақсад надорад, нерӯҳои худро дар Ироқу Афғонистон дурудароз нигоҳ дорад ва сарбозони амрикоӣ бояд ба хонаи худ баргарданд, аммо тундгароии хушунатомез низ бояд қатъ шавад, зеро ҳамаи динҳо қатлу кушторро маҳкум мекунанд.

Обама аз Қуръон, китоби муқаддаси мусулмонон, нақли қавл кард, ки куштани ҳатто як инсон ба маънии куштани аҳли башар аст. Ин гуфтаҳои ӯ ва таъкиди эҳтиромаш ба ислому ҳимояи давлати Амрико аз шаъни ислом ва ҳаққи мусулмонони ин кишвар ва такрори нақшааш ба бастани маҳбаси Гуантанамо ва манъи шиканҷаи боздоштшудагон мавҷи кафкӯбиҳоро ба миён овард.

Обама гуфт, вақте ба гузашта фикр мекунем, набояд дар ҳабси гузашта биафтем: "То замоне ки тафовутҳои мо муайянкунандаи муносибатҳои моянд, мо онҳоеро нерӯманд мекунем, ки тухми нафрат мекоранд, на сулҳ ва низоъро густариш медиҳанд, на ҳамкориро, ки метавонад ба мардуми мо дар расидан ба адлу шукуфоӣ кӯмак куанд. Ин гирдгардони шубҳа ва нифоқ бояд хотима ёбад."

Президент Обама гуфт, ки бастагиҳои қавии Амрико бо Исроил маъруф ва шикастнопазир буда, ба пайвандҳои фарҳангӣ ва таърихӣ бино ёфтаанд ва ба эътирофи ҳаққи яҳудиҳо ба сарзамин, ки аз таърихи раднопазири фоҷиавии онҳо маншаъ мегирад. Аммо, афзуд ӯ, вазъи мардуми фаластинӣ низ "таҳаммулнопазир" аст ва Амрико аз омолу талошҳои қонунии фаластиниҳо рӯ намегардонад.

Президент Обама (аз рост) ва Котиби давлатии Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар Масҷиди Султон Ҳасан дар Қоҳира.4 - июни соли 2009
Амрико рад кардани "Ҳолокост" ва ҳаққи ҳастии Исроилро комилан ғалат медонад ва қонунмандии идомаи шаҳраксозии Исроилро, ҳамчун кори хилофи созишҳои қаблӣ, низ қабул надорад. Обама изофа кард, ки тарафҳо бояд барои иҷрои шартҳои сулҳи мавсум ба "Харитаи роҳ" даст ба кори амалӣ зананд ва паҳлуи ҳам дар сулҳу амният ба сар баранд. Исроил ҳаққи фаластиниҳоро эътироф ва эҳтиром кунад ва фаластиниҳо хушунатро рад намоянд. "Хушунат роҳе ба бунбаст аст."

Обама гуфт: "Амрико сиёсатҳои худро бо онҳое радиф мекунад, ки дар пайи сулҳанд ва ончиро, ки дар танҳоӣ ба исроиливу фаластиниҳо ва арабҳо мегӯяд, дар мазҳари ом низ мегӯяд. Мо наметавонем, сулҳро таҳмил кунем. Аммо, ба таври хусусӣ бояд гуфт, бисёре аз мусулмонон эътироф мекунанд, ки Исроил наметавонад аз байн равад. Ҳамчунон, бисёре аз исроилиҳо зарурати давлати Фаластинро эътироф мекунанд. Ҳоло пайтест, ки барои ончӣ кор кунем, ки ҳама медонанд, ҳақиқат аст."

Пас аз хушунату тандгароӣ ва низоъи арабу Исроил, Барак Обама барномаи ҳастаии Эронро манбаъи савуми шиддат миёни Амрико ва ҷаҳони ислом номид. Ва дар ин ҷо низ хостори раҳоӣ аз ҳабси хотираҳои гузаштаву иқдом ба оғози тоза ва ҳаракат ба пеш шуд. Ва байни талошҳои шубҳаангези дастёфт ба силоҳи ҳастаӣ ва истифодаи осоиштаи нерӯи атом фарқи бузург гузошт.

Корбурди сулҳомези нерӯи ҳастаиро ҳаққи ҳар як кишвар номид, аммо сабқати силоҳи ҳастаиро бузургтарин хатари ҷаҳонӣ. Гуфт, эътирозҳоеро мефаҳмад, ки чаро бархе аз кишварҳо бояд силоҳи ҳастаӣ дошта бошанд ва бархи дигар на. Амрико дар пайи ҷаҳонест, ки ягон кишвар силоҳи ҳастаӣ надошта бошад.

Қисми чаҳоруми нутқашро, раисиҷумҳури Амрико, ба масъалаҳои демократия, ҳуқуқи инсон, вазъи занон, ҳамкориҳои фарҳангии Амрико ва ҷаҳони мусулмон бахшид. Вай гуфт, меъёрҳои ҳуқуқи инсон на ихтироъҳои Амрико, балки арзишҳои умумибашариянд, аммо ягон давлат набояд ин ё он низоми давлатиро ба давлати дигар бор кунад. Аммо ин пойбандиро ба ҳақиқате, ки ҳукуматҳо бояд бозтоби иродаи мардум бошанд, кам намекунад.

Президент Обама дар Қоҳира
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00
XS
SM
MD
LG