Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири ИМА дар бораи суханронии Обама


Мусоҳибаи Радиои Озодӣ бо сафири Амрико дар Тоҷикистон хонум Трейси Ҷейкобсон

- Сафири мӯҳтарам, далели умдаи ҳамчунин як муроҷиати вижа ба олами ислом аз сӯйи раисҷумҳури Амрико Барак Обама дар чист? Оё мешавад гуфт, ки самти исломии сиёсати хориҷии Амрико дар даврони маъмурияти Обама тағйир хӯрдааст?
- Тавре раисҷумҳур дар паёмаш гуфт, ин қисмати кӯшишҳои мо ҷиҳати сохтани пулҳои нав миёни Амрико ва олами ислом аст. Раисҷумҳур ин равандро ҳанӯз аз маросими савганд ёд карданаш оғоз карда буд. Баъдан ӯ ба телевизиони ал-Арабия сӯҳбате орост ва ҳамчунин мардуми Эронро бо иди Наврӯз табрик гуфт. Ин ҳама оғози ин раванд буд. Паёме, ки дар Қоҳира садо дод, нишонаи оғози нав дар стратегияи мо дар сиёсатҳоямон дар қиболи олами ислом аст.

- Хонум Ҷейкобсон, иддае бар ин назаранд, ки дар замони маъмурияти раисҷумҳур Ҷорҷ Буш рӯҳияи амрикобадбинӣ дар олами ислом афзоиш ёфт. Оё маъмурияти нав мутмаин аст, ки вазъро ислоҳ хоҳад кард?
- Ман намехоҳам маъмурияти пешинаву ҳозираро муқоиса кунам. Ин аз ҷониби ман кори хубе намебуд. Аммо мехоҳам бигӯям, раисҷумҳур Обама дар баромадаш гуфт, ки мо бояд ба вазъи кунунии ҷаҳон бингарем ва роҳи нав пайдо кунем. Мо ҳама хуб медонем, ки гузашта буд, аммо мо намехоҳем асир ё гаравгони гузашта бошем. Мо мардуми имрӯз ҳастем ва мо бояд роҳи наверо ёбем, агар хоҳем ки бо ҳам кор кунем.

- Тоҷикистон ҳам як кишвари мусалмонист. Оё дар замони сафириатон дар ин кишвар рӯҳияҳои амрикобадбиниро эҳсос кардаеду мекунед?
- Рости гап, ман ин ҷо се сол боз кор мекунам. Ҳар ҷо ки будам аз ман хуб пазироӣ карданд ва фақат эҳтиром дидам. Ҳамчун инсон ягон гуна амрикобадбиниро эҳсос накардаам. Аммо хуб медонам, ки бархе аз тоҷикон бо сиёсатҳои мо дар гӯшаҳои гуногуни олам мувофиқ нестанд. Мо истиқбол мекунем аз посух гуфтан ба суолҳое, ки онҳо матраҳ мекунанд. Ҳоло ба сафорат ҳам мардуми гуногунро ҷамъ овардем, ки суханронии раисҷумҳури моро шунаванд ва андешаи худро ба мо гӯянд. Ҳатто дар миёни дӯстон ҳамдигарфаҳмии саддарсада нест. Хуб аст, агар андешаҳои гуногун ҳам дошта бошем, дӯст бимонем.

- Оё Шумо ҳамчунин кӯшишҳо ҷиҳати коҳиш додани амрикобадбинӣ дар Тоҷикистонро доред?
- Президенти мо дар бораи як қатор ибтикорҳои нав сӯҳбат кард. Масалан, афзудани барномаҳои додугирифти донишҷӯён. Мо дар Амрико донишҷӯи мусалмони зиёд дорем. Боз шумораи онҳоро афзоиш хоҳем дод. Аммо шумораи донишҷӯёни амрикоӣ дар кишварҳои исломиро низ зиёд хоҳем кард. Масалан, ҳамин тобистон ба Душанбе 70 донишҷӯву талабаи амрикоӣ барои омӯхтани забони форсии тоҷикӣ меоянд. Ҳамчунин соҳибкорони кишварҳои исломиро барои такмили таҷриба дар тиҷорат ба Амрико даъват хоҳем кард.

- Дар Тоҷикистон агар эътибор дода бошед, бештар уламои маъруфи исломӣ аз минбарҳои масоҷид аз Амрико интиқоди шадид мекунанд. Оё барои онҳо ҳам ягон барнома ҳаст?
- Медонед, як гурӯҳи имом хатибони Тоҷикистон ба ҳамин наздикӣ аз Амрико баргаштанд. Онҳо гуфтанд, ки дар Амрико озодии динҳоро диданд ва изҳори қаноатмандӣ карданд. Мо ин гуна барномаҳоро боз таҳия мекунем, то рӯҳониёни саршиноси Тоҷикистон тавонанд бо рӯҳониёни Амрико табодули назар кунанд.
XS
SM
MD
LG