Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи парлумони Аврупо идома дорад


Интихоботи парлумони Аврупо идома дорад. Дар ин раъйдиҳӣ 375 миллион нафари воҷиди шароити раъй ҳаққи ширкат доранд, вале бо вуҷуди як қудрати муҳими қора ба шумор рафтани парлумони Аврупо интизор меравад, ки мизони мушорикати мардум дар ин маърака ин дафъа хеле заъиф шавад. Интихоботи вакилони парлумони Аврупо дар аксар аз 27 кишвари узви ИА рӯзи якшанбе доир мешавад. Вале ин маърака дар Бритониё ва Ҳолланд алакай сурат гирифта, дар Ҳолланд ҳизби озодӣ, ки мухолифи муҳоҷирати хориҷист, ба пешрафти қобили мулоҳиза даст ёфтааст.
XS
SM
MD
LG