Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори хатми "давраи шубҳаву нифоқ" шуд


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи панҷшанбе дар Қоҳира бо паёми вижае ба мусалмонони ҷаҳон хитоб кард ва хостори оғози наве дар равотиби Амрико бо ҷаҳони Ислом шуд.Обама дар суханронии 47-дақиқагиаш дар донишгоҳи Ал-Аҳзар дар пойтахти Миср, гуфт, тундравон дар пайи коштани тухми нифоқ байни Ғарбу мусалмононанд, вале ба эътиқоди ӯ, “давраи шубҳаву нифоқ" бояд поён дода шавад. Барак Обама аз ташкили давлати мустақили Фаластин дар канори Исроил бори дигар пуштибонӣ кард ва гуфт, фаластиниҳо бояд идомаи хушунат ва Исроил идомаи сохтмони шаҳракҳои яҳудинишин дар сарзаминҳои фаластиниро қатъ кунанд. Обама ҳаққи Эрон ба барномаҳои мусолиматомези ҳастаиро эътироф кард, вале гуфт, мухолифи сабқати ҳастаӣ дар Ховари Миёна мебошад.
XS
SM
MD
LG