Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо Аврупо роҳи нави ҳавоии Тоҷикистон боз шуд


Шаби гузашта нахустин парвози ҳавопаймои мусофирбари "ЭйрБалтик" дар хати парвози Рига-Душанбе анҷом гирифт. "ЭйрБалтик" нахустин ширкати ҳавоии аврупоист, ки бо Тоҷикистон хати ҳавоӣ боз кард. Ин парвозро ҳавопаймои навъи "Боинг-737" анҷом дод ва дар оянда ҳавопаймоҳои навъи "Ту-154" низ дар ин масир парвоз хоҳанд кард. Парвозҳои "ЭйрБалтик" ҳафтае ду бор дар назар дошта шудааст ва барои сафар ба кишварҳои аврупоӣ ё аз кишварҳои аврупоӣ ба Тоҷикистон роҳи муносибтар дониста мешавад. "ЭйрБалтик" ширкати ҳавоии Латвия аст.
XS
SM
MD
LG