Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар Зоҳидон саркӯб шуд


Мақомоти додгоҳии Эрон хабар доданд, ки дар пайи саркӯбсозии нооромиҳо дар шаҳри Зоҳидон, воқеъ дар ҷанубу шарқи кишвар, тақрибан 30 нафар боздошт шуданд. Тазоҳурот дар шаҳр ба думболи инфиҷор дар масҷиди шиаҳо дар ҳафтаи гузашта сар зад, ки бар асари он 25 нафар кушта шуданд. Намояндаи додгоҳ Алӣ Ризо Ҷамшедӣ гуфт, ки дар ин нооромиҳо ва, аз ҷумла, дар ҳамла ба бинои бонки маҳаллӣ 6 нафар ба ҳалокат расиданд.
Зоҳидон, шаҳри асосан суннинишини Эрон ва маркази устони Сиистону Балуҷистон аст, устоне, ки дар марз бо Афғонистон ва Покистон ҷойгир шудааст. Нооромиҳо дар Зоҳидон дар ҳоле рух доданд, ки то интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон даҳ рӯзи дигар боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG