Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пораҳои ҳавопаймо дар уқёнус пайдо шуданд?


Сарнишинҳои як киштии фаронсавӣ дар уқёнуси Атлантик пораҳои рӯи амвоҷро ошкор карданд, ки шояд мансуби ҳавопаймои ғайбзадаи ширкати Air France бошад. Дар ин бора расонаҳои Бразилия хабар доданд. Ин пораҳо дар марзҳои обии Сенегал, дар минтақае пайдо шуданд, ки дирӯз сарнишинҳои як ҳавопаймои бразилӣ рӯи об сухторро мушоҳида карда буданд.
Сабабҳои ғайб задани ҳавопаймои ширкати Air France бо 228 мусофиру сарнишин, ки аз шаҳри Рио-де-Жанейро ба Порис парвоз мекард, ҳанӯз маълум нест ва аммо ҳадс зада мешавад, ки он бар асари зарбаи барқ дар уқёнус суқут кардааст. Мусофирони ҳавопаймо шаҳрвандони 32 кишвар буданд. Қаблан, раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ изҳор карда буд, ки шонсҳои зинда пайдо кардани мусофирон “ночиз аст”.
XS
SM
MD
LG