Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 11 тан барои ҳамкорӣ бо Ҳизб-ут-Таҳрир


Мақомоти умури дохилӣ ва амнияти вилояти Суғд зимни як амалиёти вижа дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он 11 нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳизби манъшудаи Таҳрир боздошт кардаанд. Додситонии вилоят алайҳи ин афрод бо иттиҳоми барангехтани кинаву адовати қавмиву мазҳабӣ ва даъват ба сарнагун кардани низоми давлатдорӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ахиран додгоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон 7 тани дигарро бо ҷурми ҳамкорӣ бо ин гурӯҳи манъшуда ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон карда буд.
XS
SM
MD
LG