Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои азими Фаронса нопадид шуд


Як ҳавопаймои ширкати Эйр Франс бо 228 мусофир зимни парвоз бар фазои Уқёнуси Атлантик аз радарҳо нопадид шудааст. Иртиботи ин ҳавопаймои азими Airbus-A330 бо Маркази идораи парвозҳо баъди парвози он аз фурудгоҳи шаҳри Рио Де Жанейрои Бразилия қатъ шудааст. Ҳавопаймо озими фурудгоҳи Шарл Де Голли шаҳри Париж будааст. Сухангӯи нерӯҳои ҳавоии Бразилия гуфт, ҷустуҷӯи ҳавопаймо дар назди ҷазираи Фернандо Де Норониа идома дорад.
XS
SM
MD
LG