Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ мушаки нав озмоиш мекунад


Бино ба гузоришҳо, Кореяи Шимолӣ барои озмоиши мушаки пешрафтаи дурбурди худ омодагӣ мегирад. Хабаргузориҳои Кореяи Ҷанубӣ мегӯянд, мушаки мазкурро барои партоб ба пойгоҳи Донгчангӣ дар соҳилҳои шимолуғарбии Кореяи Шимолӣ овардаанд. Бино ба хабарҳо, ин мушакро эҳтимолан то рӯзи 16-уми июн то замони мулоқоти раиси ҷумҳурони Амрико ва Кореияи Ҷанубӣ дар шаҳри Вашингтон партоб мекунанд. Айни замон Роберт Гейтс - вазири дифоъи Амрико, дар Филлипин гуфт, эҳтимолан Кореяи Шимолӣ барои озмоиши мушак омодагӣ мегирад, аммо ниятҳои он кишвар возеҳ нест. Озмоиши бомби атомӣ ва партоби мушакҳои кӯтоҳпарвоз дар Кореяи Шимолӣ сабаби авҷи танишҳо дар минтақа шудааст.
XS
SM
MD
LG