Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷенерал Моторс"-ро Амрикову Канада мехаранд


Бино ба хабарҳо, “Ҷенерал Моторс”, бузургтарин ширкати мошинсозии Амрико, имрӯз расман дархости варшикастагӣ хоҳад кард. Ин бузургтарин мавриди расвоии як ширкати саноатӣ дар таърихи Амрико хоҳад шуд. Бино ба хабарҳо, тибқи барномаи ислоҳоти сохтории “Ҷенерал Моторс”, давлати Амрико дар ивази 50 миллиард доллар кӯмаки молӣ 60 дарсади саҳмияҳои ин ширкатро ба даст хоҳад овард. 12 дарсади саҳмияҳои ширкатро давлати Канада дар ивази 9,5 миллиард доллар кӯмаки молӣ соҳиб шуда, ба 17,5 фоизи саҳмияҳояш иттиҳодияи коргарони бознишаста довталабӣ мекунад. Вошингтон ба ин ширкат то 1 июн фурсат дода буд, ки ислоҳоти сохториашро анҷом диҳад, вагарна ба варшикастагӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. “Ҷенерал Моторс” беш аз 100 сол боз фаъолият дошта, баъд аз ширкати “Тойота”-и Ҷопон дуввумин ширкати бузурги мошинсозии дунё ба шумор меомад.
XS
SM
MD
LG