Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумориши оро дар интихоботи Ереван идома дорад


Шумориши орои интихоботи шаҳрӣ дар Ереван, пойтахти Арманистон идома дорад. Конгресси миллӣ, ташаккули умдаи мухолифини арманӣ, дар бораи як теъдод тахаллуфот дар ҷараёни раъйдиҳӣ хабар додааст. Вале ин гурӯҳи сиёсӣ умедвор аст, ки шумори кофии курсиҳои маҷлиси шаҳриро ба даст оварда, раҳбари худ – раисиҷумҳури пешини Арманистон Левон Тер-Петросиёнро ба курсии шаҳрдори Ереван хоҳад нишонд. Тер-Петросиён барои дарёфти ин мақом бо шаҳрдори кунунии Ереван Гагик Беглариён, ки ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳ пешбариаш кардааст, рақобат мекунад.
XS
SM
MD
LG