Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гармоиши сайёра чӣ паёмадҳо хоҳад дошт?


Дар як гузориши нав омадааст, ки тағири иқлим соле метавонад тақрибан 315 000 нафарро дар кишварҳои гуногун бикушад. Дар ин гузориш, ки дар Женева Маҷмаъи Сартосарии Башарӣ таҳия кардааст, гуфта мешавад, гуруснагиву беморӣ ва офатҳои табиӣ сабаби марги ин миқдор одам дар сайёра мешавад. Пешгӯӣ шудааст, ки то соли 2030 мумкин аст ин шумора ба ним миллион нафар бирасад. Дар гузориш гуфта мешавад, ки ҳар сол зарари иқтисодӣ аз гармоиши сайёра ба бештар аз 125-миллиард доллар мерасад. Ин рақам то соли 2030 ба 340 миллиард баробар мешавад.
XS
SM
MD
LG