Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазирони хориҷаи ИА ва ОМ


Мулоқоти Иттиҳодияи Аврупо бо вазири хориҷаи Тоҷикистон аслан бар сари ду масъалаи муҳим – хатари минҳои ҷогузошта дар марзи Тоҷикистону Узбакистон ва мавзуи сармоягузории Иттиҳодияи Аврупо дар тарҳҳои энержии Тоҷикистон – ҷараён гирифт.

Дар ин мулоқот муовини нахуствазир ва вазири хориҷаи Ҷумҳурии Чех Ян Когоут, намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ Пиер Морел ва вазири хориҷаи Шветсия аз Иттиҳодияи Аврупо намояндагӣ карданд. Ин ду масъалаи муҳим аз сӯи Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, матраҳ шуд. Оқои Зарифӣ дар ҷараёни ин мулоқот гуфт, «мо борҳо бо Иттиҳодияи Аврупо дар мавзуи ҳуқуқи башар сӯҳбат кардем. Пас ҷаро ин иттиҳодия ба масъалаи амнияти мардум ва ҳуқуқи башар дар бораи хатари минҳои ҷогузошташуда аз сӯи Узбакистон дар марз таваҷҷӯҳ зоҳир намекунад, дар ҳоле, ки ҳар сол даҳҳо нафар мардуми ғайринизомӣ бар асари инфиҷори ин минҳо ҷони худро аз даст медиҳанд?»

Ҳамчунин оқои Зарифӣ эҳдоси нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистон барои Афғонистонро мӯҳим хонд. Вай гуфт, агар Иттиҳодияи Аврупо ба субот дар Афғонистон алоқаманд аст, мо роҳи расидан ба ин суботро дар таъмини мардуми Афғонистон бо нерӯи барқ мебинем, то ин кишвар тавонад барномаҳои обёрии заминҳои худро пиёда кунад ва мардуми Афғонистон ба ҷои кишти хашхош ё кӯкнор ба зироаткорӣ машғул шаванд. Оқои Зарифӣ гуфт, ки иҷрои ин барномаҳо ба эҳдоси неӯргоҳҳои обии барқӣ дар Тоҷикистон ниёз дорад.

Ян Когоут, муовини нахуствазир ва вазири хориҷаи Ҷумҳурии Чех, дар робита ба масъалаи матраҳкарда аз сӯи вазири хориҷаи Тоҷикистон ба хабаригорон гуфт, мо омодаем дар таҳия ва баррасии созишномае дар бахши ҳамкориҳои энержӣ бо Тоҷикистон мусидат кунем.

Пас аз гуфтугӯҳои дуҷониба миёни шӯроҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон гуфтугӯҳои намояндагони Иттиҳодияи Аврупо бо муовини вазири хориҷаи Узбакистон сурат гирифт. Ва бо тақозои муовини вазири хориҷаи Узбакистон ин гуфтугӯҳо бидуни ширкати хабарнигорон баргузор шуд. Фардо қарор аст, гуфтугӯҳои дуҷониба миёни Иттиҳодияи Аврупо ва вазирони хориҷаи Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон баргузор шавад. Ва натиҷаи ин гуфтугӯҳо бо ширкати тарафҳо дар як мулоқот хулоса хоҳад шуд.

Ҳадаф аз баргузории ин мулоқот ва гуфтугӯҳои дуҷониба пиёда кардани стратегияи ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар робита ба ҳалли мушкилоти минтақа, ҳамкорӣ дар бахши маориф, иқтисод, савдо, барномаҳои энержӣ, масоили амниятӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва идораи марзҳо аст. Иҷрои барномаи стратегии ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ то соли 2013 дар назар аст ва Иттиҳодияи Аврупо барои пиёдасозии ин барнома 750 миллион евро ихтисос додааст.
XS
SM
MD
LG