Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пиер Морел: Долони ҷанубӣ аз куҷо хоҳад гузашт?


Пиер Морел, фиристодаи хоси Иттиҳодияи Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ
Пиер Морел, фиристодаи хоси Иттиҳодияи Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ

Баъзе шореҳон ба иҷрои барномаҳои Иттиҳодияи Аврупо, ба хусус бунёди лӯлаи Набуко, бо назари шубҳа менигаранд.

Ба қавли онҳо, созишҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказиву Қафқоз дар мавриди интиқоли гази табииву нафт ба бозорҳои аврупоӣ сохтмони онро беаҳамият мекунанд. Аммо фиристодаи хоси Иттиҳодияи Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ Пиер Морел ба ин ақида мухолиф аст. Пиер Морел, ки дар нишасти Прага ҳузур дошт, мегӯяд, баргузории нишасти раҳбарони кишварҳои шарик дар "Долони Ҷанубӣ" ҳодисаи бағоят муҳим аст. Морел меафзояд, ки аз шакку шубҳа дарм авриди иҷроли ин барнома огаҳ аст: " Мо медонем, ки баъзеҳо ба иҷрои лоиҳаи Набуко бо шубҳа менигаранд, вале Долони Ҷанубӣ чизи бештар аз Набуко мебошад. Аслан Долони ҷанубӣ аллакай вуҷуд дорад. Бубинед, нафти Қазоқистон аз Оқтау ба Озарбойҷон мераваду аз он ҷо тариқи баҳри Каспий ба Аврупо. Магар ин долони ҷанубӣ нест? Вале барои бунёди лӯла ва он ҳам дар бистари баҳр ва судури нафту газ камаш даҳ сол лозим хоҳад шуд."

ИА рӯзи ҷумъа дар Прага ба баҳси роҳҳои алтернативии интиқоли гази табиӣ аз манобеъи гази Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ ба бозорҳои Аврупоро мавриди баҳс қарор дод. ИА мехоҳад бо ин васила вобастагиаш аз манобеъи гази Русияро коҳиш бидиҳад. Сухан дар бораи се лӯлаи бузурги газ меравад, ки бояд аз Ироқ ва аз кишварҳои газхези Осиёи Марказӣ то ба Аврупо, бидуни убури қаламрави Русия ва Украина, кашида шаванд. Табиист, ки Русия ба сурати ғйриаланӣ мухолифи ин барномаҳост ва талош хоҳад кард, то кишварҳои муттаҳидаш дар Осиёи Марказиро аз пайвастан ба тарҳҳои ИА баргардонад.

Пиер Морел нигарониҳо дар мавриди мухолифати Русия ба ин лоиҳаҳоро қабул надорад. Ӯ мегӯяд, Иттиҳодияи Аврупо дар минтақа ягон ҳадафи пинҳонӣ надорад ва доимо аз ҷумла бо Русия барномаҳояш дар Қафқозу Осиёи Марказиро матраҳ мекунад. Фиристодаи Иттиҳодияи Аврупо таъкид мекунад, ки ҳамкориҳои ин созмон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ васеътар аз танҳо бунёди лӯлаҳои нафту газ аст: " Биёед, навъҳои дигари энергетикаро ба ёд орем. Масалан, истихроҷи уран. Қазоқистон дувумин кишвари бузургтарини истихроҷкунандаи уран дар ҷаҳон аст. Ҳамин гуна Узбакистон ҳам дар миёни кишварҳои истхроҷкунандаи уран дар ҷои 12-ум аст. Ин масъалаҳо низ барои Иттиҳодияи Аврупо аҳамият доранд. Хулоса, дар ҳақиқат имрӯз дар бораи Долони Ҷанубӣ ва воридоти нафту газ сӯҳбат мекунем. Аммо мо набояд бахшҳои дигари тавлиди энергияи обу барқро фаромӯш кунем ва дар ин робита масъала ба Тоҷикистону Қирғизистон иртибот мегирад."

Моҳи гузашта дар нишасти раҳбарони кишварҳои баҳри Арал дар Қазоқистон президенти Узбакистон Ислом Каримов иброз дошт, ки дар масъалаи бунёди нерӯгоҳҳои бузурги обу барқ дар Осиёи марказӣ Иттиҳодияи Аврупо ва худи Пиер Морел, фиристодаи хоси Иттиҳодияи Аврупо аз мавқеъи Узбакистон пуштибонӣ мекунанд. Дар ин бора Пиер Морел мегӯяд: " Мо доимо як ҳарфро такрор мекунем ва он ҳам ин аст, ки мо намехоҳем дар ин баҳс миёнарав бошем. Мавқеи мо ин аст, ки мо дар истифодаву тақсими захираҳои обӣ таҷрибаи бой дорем. Дар айни замон мо аз хусусиятҳои Осиёи Марказӣ огаҳ ҳастем. Мо намунаеро матраҳ намекунем, ки марҳамат бигиреду пайравӣ кунед. Чунин ташаббус натиҷаи баъакс медиҳад. Мо мехоҳем масъала ҳалли дароз муддат ёбад. Аз ин рӯ, мо мегӯем, бештар вохӯред ва ба таври муназзам роҳи ҳалли масъаларо баҳсу баррасӣ кунед."

Дар идомаи сӯҳбат фиристодаи Иттиҳодияи Аврупо дар умури Осиёи марказӣ Пиер Морел ёдовар шуд, ки сарфи назар аз тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар марҳилаи кунунӣ барои Иттиҳодия ҳамкориҳои амниятӣ ба вижа таҳкими назму субот дар Афғонистон ва минтақа аҳамияти аввалин дараҷа доранд.
XS
SM
MD
LG