Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолати омодабоши нирӯҳои Амрикову Кореяи ҷанубӣ


Нерӯҳои ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ дар ҳоли омодабош қарор гирифтаанд. Охирин дафъа чунин ҳолати омодабош соли 2006-ум баъди аввалин озмоиши ҳаставии Кореяи Шимолӣ эълон шуда буд. Як рӯз пеш Кореяи Шимолӣ таҳдид кард, ки агар нерӯҳои эътилофӣ киштиҳои Кореяи Шимолиро мавриди тафтиш қарор диҳанд, мақомоти Пхенян аз созиши оташбаси соли 1953 хориҷ шуда,ҳамлаҳои ҷавобӣ раҳандозӣ хоҳад кард. ИМА 28500 афсару сарбозашро дар Кореяи Ҷанубӣ ҳамчун монеа ба Кореяи Шимолӣ мустақар намудааст. Котиби давлатӣ ё худ вазири корҳои хориҷии ИМА Хонум Ҳилларӣ Клинтон хушдор дод, ки Кореяи Шимолӣ паёмади озмоишҳои ҳаставӣ ва мушакиашро эҳсос хоҳад кард. Хонум Клинтон таъкид кард, ки Вашингтон бо муттафиқонаш дар як саф хоҳад истод: "Мехоҳам рӯи ӯҳдадории ИМА таъкид намояд, ки Вашингтон доимо аз Кореяи Ҷанубӣ ва Япония дифоъ хоҳад кард. Ин бахше аз ӯҳдадориҳои эътилофии мост ва мо онро хеле ҷиддӣ арзёбӣ мекунем. Ба ҳар ҳол мо умед дорем, ки имконе пай доме шавад ва Кореяи Шимолӣ ба чорчӯби музокирот бармегардад." Дар ин байн кишварҳои нерӯманди олам пешниҳод кардаанд, ки дар ҷавоб ба озмоиши ҳаставии Кореяи Шимолӣ таҳрими Пхенян тавсеа ёбад.
XS
SM
MD
LG