Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз интихоботи раёсатҷумҳурии Молдова мешавад


Имрӯз парлумони Молдова бояд барои бори дуюм барои интихоби президенти ояндаи кишвар ташкили ҷаласа кунад. Раиси ҷумҳурии мунтахаб бояд ҷои Владимир Воронин, раҳбари собиқадори коммунистро бигирад. Ва дар сурати баргузории интихобот дар парлумон зарурате барои дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ташкил кардани интихобот пеш нахоҳад омад. Пирӯзии коммунистҳо дар интихоботи моҳи апрели имсол боиси бурузи нооромиҳову эътирозҳо шуд. Ҳафтаи гузашта дар интихобот ба номзади коммунистҳо як раъй нарасид, ки пирӯз шавад ва имрӯз ҳам агар ин ҳолат такрор шавад, интихоботи сареъ даъват хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG