Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалок шудани духтарчаи Майк Тайсон


Духтарчаи чаҳорсолаи муштзани маъруфи амрикоӣ Майк Тайсон ҳалок шудааст.

Пулиси шаҳри Феникс, иёлати Аризона, хабар додааст, духтарчаи муштзани маъруф як рӯз пас аз ҳодисаи нохуше ҳангоми бозӣ даргузаштааст. Дирӯз, 26-уми май, Эксодуси чаҳорсола дар машқгоҳи хонаашон ба бозӣ машғул шуда, ногаҳон як симе аз асбобҳои машқӣ ба гардани ӯ тоб хӯрдааст.

Ҳадс мезананд, ки духтарча баногоҳ лағжидааст ва дигар натавонистааст, худро аз ин ба истилоҳ доми дормонанд раҳо бикунад.

Бародари бузургаш ӯро дар чунин ҳол дарёфтаааст. Духтарчаро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурдаанд, вале наҷот дода натавонистаанд. Сабаби марги ӯ ҳамчун ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст.

Ба ҳини рух додани ҳодиса Майк Тайсон дар Лас-Вегас будааст ва ҳамзамон ба Феникс рафтааст.
XS
SM
MD
LG