Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек вуруди мусаллаҳонро аз хоки Қирғизистон рад кард


Чолпонбек Турузбеков, муовини раиси хадамоти марзбонии Қирғизистон дар сӯҳбат бо бахши қирғизии радиои Озодӣ субҳи имрӯз дар шаҳри Бишкек гуфт, ки хабарҳо оид ба ин гӯё гурӯҳи мусаллаҳи ҳамлагар аз хоки Қирғизистон вориди қаламрави Ӯзбакистон шуда баъдан ба марзбонони ӯзбак дар посгоҳи Хонобод ҳамла кардааст, аз ҳақиқат дур аст. Додситонии кулли Ӯзбакистон шоми сешанбе бо нашри як иттилоияи расмӣ гуфт, шаби 25 ба 26 май «гурӯҳи иборат аз 2-3 бандит» бо истифода аз маводи тарканда ба посгоҳи милиса дар даромадгоҳи шаҳраки Хонобод дар вилояти Андиҷон ҳамла овардааст. Ба гуфтаи додситонии Ӯзбакистон, бар асари задухӯрде, ки сурат гирифт, як корманди милиса ва як ҳамлагар захм бардоштанд. Додситонии Ӯзбакистон дирӯз гуфт, ки ин гурӯҳ аз хоки Қирғизистон ворид шуда буд. Тошканд тахмин мезанад, ки ин афрод аъзои гурӯҳи Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон мебошанд.
Аз рӯи иттилои муовини раиси хадамоти марзбонии Қирғизистон, ҳоло кулли посгоҳҳои марзии Ӯзбакистон бо Қирғизистон, ба ҷуз посгоҳҳои Барак ва Сух ҳама баста шудаанд. Мақомоти Қирғизистон то ҳол дар заминаи рӯйдодҳои рӯзи гузаштаи Андиҷон расман мавқеи худро баён накардаанд.
XS
SM
MD
LG