Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахши аввали кӯмакҳои UNOCHA ба Душанбе


СММ дар як гузориш аз обхезиҳои шадиди Тоҷикистон дар як моҳи гузашта изҳори нигаронӣ карда гуфтааст, ки бар асари номеҳрубониҳои табиат дар ин кишвар 10 ҳазор нафар аз ҷои худ беҷо шуда 28 нафар ба ҳалокат расиданд. Дафтари ҳамоҳангкунии кӯмакҳои СММ, мавсум ба UNOCHA, рӯзи сешанбе гуфт, ки ба ҳайси кӯмакҳои изтирорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи 118 ҳазор доллар хаймаҳои муваққатӣ барои зисти мардум ирсол мешавад. Баъди боришоти шадиду селхезиҳо дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, мегӯяд ин созмони имдодрасон, ду ҳазор сохтмон осеб дида, 40 ҳазор ҳектар заминҳои кишт хароб шудааст. Элизабет Бирс аз UNOCHA дар сӯҳбат бо Франс-Пресс гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми куллии зарари офатҳои табииро имсол дар ҳудуди 100 миллион доллар арзёбӣ кардааст ва баъди ҳисобу китоби муфассалтар, қарор аст ба ин кишвар кӯмакҳои бештар ирсол шавад. Ҳафтаи гузашта Тоҷикистон бо нияти дарёфти кӯмакҳо дар муқобила бо офатҳои табиӣ ба СММ муроҷиат карда буд. Ва дар таҳаввулоти дигар дирӯз Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони конфронси исломӣ аз Бонки исломии рушд ва Бунёди исломии ҳамраъйӣ даъват кард ба Тоҷикистон ёрии фаврии башардӯстона бирасонанд.
XS
SM
MD
LG