Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбози озарӣ 4 ҳамхидматашро кушт


Бино ба гузоришҳо, як сарбози ҷадид дар Озарбойҷон 4 нафарро парронда як нафари дигарро захмӣ кардааст. Сарбоз дар ҷараёни машқҳои низомӣ дар ноҳияи Шамкири ин кишвар тасодуфан аз аслиҳаи худ ба тарафи ҳамхидматонаш тир кушодааст. Дар бораи замони ин тирандозӣ хабаре дар даст нест. Ду ҳафта пеш як марди мусаллаҳ дар донишгоҳи нафти Озарбойҷон дар Боку хунсардона 12 нафар донишҷӯ ва устодонро ҳадафи тир қарор дод ва сипас худкушӣ кард.
XS
SM
MD
LG