Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвогарони курсии Қурмонбек Боқиев


Қурмонбек Боқиев дар пешорӯи интихоботи мушкил
Қурмонбек Боқиев дар пешорӯи интихоботи мушкил

Ба иттилоъи Комиссияи марказии интихобот ва баргузории референдумҳои Қирғизистон, 17 номзад барои ишғоли курсии раёсати ҷумҳур вориди сабқат хоҳанд шуд.

Ғайр аз президент Боқиев, ки аз ҳизби «Ақ жол» номзад пешбарӣ шудааст, ҳамчунин боз се номзад аз ҳизбҳои мухталиф барои курсии раёсати ҷумҳури Қирғизистон даъво хоҳанд кард. Ба гуфтаи коршиносон, дар миёни онҳо Темир Сариев, раиси ҳизби «Ақ Шумқор» бештар шахсияти шинохта аст, ки дар тазоҳуротҳои давомдори соли 2007 ҳукумати Боқиевро мавриди интиқоди шадид қарор додааст. Пешбарии номзади раиси ҳизби «Ақ Шумқор» дар миёни коршиносону таҳлилгарон вокунишҳои зидди нақизро эҷод намуд. Иддае аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки иқдоми Темир Сариев мухолифони Боқиевро бо парокандагӣ мувоҷеҳ хоҳад кард.

Номзади дигар Акбаралӣ Айтикеев аз ҳизби Ҳимоят аз манфиатҳои кормандони саноат, кишоварзӣ ва оилаҳои камбизоат худро номнавис кардааст. Коршиносон дар бораи Айтикеев бар чунин назаранд, ки вай дар интихобот барои дарёфти курсии раисҷумҳур ҳеҷ шонс надорад.

Дар миёни номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳури Қирғизистон ду зан низ шомиланд, ки барои сабти ном ба комиссияи марказии интихобот ва райъдиҳӣ муроҷиат кардаанд. Таҳлилгарон дар мавриди Тухтаойим Уметалиева, раиси яке аз Иттиҳодияҳои ғайридавлатии занон, мегӯянд, вай хеле чаққону ӯҳдабаро аст. Ба гуфтаи таҳлилгарон, вале Тухтаойим Уметалиева ба зудӣ аз маъракаи интихоботӣ даст хоҳад кашид ва аз тарафдоронаш даъват хоҳад кард, ки ба тарафдории президенти вақти кишвараш раъй диҳанд. Гулҷамила Эстебесова дар ҳеҷ ҷо кор намекунад. Коршиносон дар мавриди вай мегӯянд, маълум нест, ки чаро худро ба ин мақоми баланди давлатӣ номзад пешбарӣ кардааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, Алмосбек Атамбоев, собиқ нахуствазири Қирғизистон, дар интихоботи президентӣ шонси бештар дорад. Алмосбек Атамбоев баъди тазоҳуротҳои давомдори мухолифон дар соли 2006 таҳти унвони «Барои ислоҳот», ки ба муқобили президент Боқиев ва ҳукумати ӯ нигаронида шуда буд, дар соли 2007 бо даъвати Боқиев курсии нахуствазири Қирғизистонро соҳиб шуд. Аммо баъди ҳашт моҳ президент Боқиев вайро ба истеъфо фиристод. Коршиносон мегӯянд, Атамбоев номзади ягона дар миёни 17 нафар аст, ки эҳтимоли қавӣ вуҷуд дорад дар интихоботи қарибулвуқӯъ раъйҳои зиёдро ба даст орад. Оқои Атамбоев дар сабқати президентии соли 2000 бештар аз шаш дарсади овозҳоро ба даст овардааст. Аммо дар интихоботи президентии соли 2005 ба далели тандем ё иттиҳоди миёни Қурмонбек Боқиев ва Феликс Қулов номзадиашро пас гирифтааст. Қарор аст, Алмосбек Атамбоев аз санҷиши комиссияи забони давлатӣ гузарад.

Исмоил Исоқов, собиқ дабири Шӯрои амният, ки чанд рӯз пеш аз даъво барои курсии президентӣ даст кашид, мегӯяд, аз санҷиши забони давлатӣ гузаронидани номзадҳо яке аз мисолҳои рӯшани монеъагузории президент Боқиев дар муқобили мухолифонаш аст.

Номзади дигар ба мақоми президенти Қирғизистон пизишк-нарколог Ҷенишбек Назаралиев аст. Ба ақидаи коршиносон, рӯзи 23-юми июл Ҷенишбек Назаралиев аз натиҷаи интихобот хеле рӯҳафтода хоҳад шуд, зеро вай шонси хеле кам дорад.

Номзадони дигар, ки бархе аз онҳо дар сафи бекорон ҷой гирифтаанд, барои ҷомеъаи Қирғизистон ошно нестанд. Аммо Нурлан Мотуев, яке аз номзадҳо ба мақоми раисҷумҳури Қирғизистонро мардум шоҳи ангишт ном мебаранд. Вай даъво мекард, ки аз сиёсати президент Боқиев пуштибонӣ мекунад, вале ба комиссияи марказии интихобот муроҷиат кард, ки курсии вайро ишғол кунад.
XS
SM
MD
LG