Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи мурофиаи Су Чӣ паси дарҳои баста


Режими низомии Мянмар имрӯз дубора муҳокимаи қазияи раҳбари мухолифин Аунг Сан Су Чиро паси дарҳои баста идома дод, дар ҳоле, ки рӯзи чоршанбе танҳо барои як рӯз ба журналистону дипломатҳои хориҷӣ иҷоза дод, ки аз кори додгоҳ мушоҳида кунанд. Мақомот дирӯз иҷоза доданд, ки аз ҳар 30 сафорати хориҷии мустақар дар Янгон як намоянда дар мурофиа иштирок кунанд ва сафирони Тайланд, Сингапур ва Русия имкони мулоқот бо хонум Су Чиро доштанд. Ба додгоҳ ҳамчунин панҷ хабарнигори хориҷӣ ва панҷ журналисти маҳаллӣ роҳ дода шуданд. Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшиносони мӯътабари ҷаҳонӣ дар гузорише, ки аз ҷониби Мактаби ҳуқуқии Ҳарвард ба чоп расидааст, ба зарурати анҷоми таҳқиқоте таҳти сарпарастии СММ дар нисбати режими низомии Мянмар даъват карданд, ки ба қавли онҳо метавонад даст ба ҷиноятҳо алайҳи башарият занад.
XS
SM
MD
LG