Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори артиши Амрико аз ҳамлааш ба Фароҳ


Низомиёни Амрико дар Афғонистон мегӯянд, ки иддаъои мақомоти ин кишвар дар мавриди ҳалокати 140 нафар ғайринизомиён дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дуруст нест. Артиши Амрико дирӯз бо нашри баёяние гуфт, дар ин ҳамлаи моҳи гузашта дар вилояти ғарбии Фароҳи Афғонистон танҳо 35 ғайринизомӣ ҳалок шудааст, 65 нафари бақия ҳама ҷангҷӯёни Толиб будаанд. Ҳалокати мардуми мулкӣ дар амалиётҳои низомӣ, як мояи аслии таниш миёни ҳукумати Афғонистон ва нерӯҳои амрикоӣ аст.
XS
SM
MD
LG