Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хисороти соҳаи кишоварзӣ аз оқибатҳои ҳаводиси табиъии ҳудуди як моҳи ахир, аз ҷумла боронҳои шадид ва селобро беш аз 20 миллион доллар арзёбӣ кардааст.

Дар ҳамин маврид, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъул машварати корие доир намуд, ки масоили марбут ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои шадиди табиӣ яке аз мавзӯъҳои аслии он буд.

Бино бар иттилоъи сомонаи расмии президенти Тоҷикистон, дар ин машварат раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал гуфтааст, танҳо дар ноҳияи Хуросон 148 хона пурра ва 127 хонаи дигар қисман зарар дидаанд. Тибқи гузоришҳо, дар якчанд шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон низ баъзе хонаҳои истиқоматӣ қисман вайрон шуда, дар зиёда аз 15 ҳазор гектар замин кишти зироатҳо зарар дидаанд. Хабар ҳокӣ аз он аст, ки дар 10 ҳазор гектар заминҳои зарардида аллакай дубора пахта ва дигар зироатҳо кишт карда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони масъул қотеъона супориш додааст, ки барои оилаҳои аз боришоти борони зиёд ва омадани селу лойқа бехонамонда то 6 - уми ноябри соли равон дар ҷойҳои бехавф манзилҳои нави истиқоматӣ сохта дода шавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG