Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ояндасоз" - дар рустои аз сел осебдидаи Обимукӣ


Рустои селзадаи Обимукӣ дар Ёвон
Рустои селзадаи Обимукӣ дар Ёвон

"Ояндасоз" шуморо ба сафари яке аз рустоҳои аз боришӯоту сел осебдида дар ноҳияи Ёвон даъват мекунад

Хуш омадед ба гуфтори вижаи худ, ба "Ояндасоз", ки имрӯз аз Душанбеи серобу боронӣ тақдими шумо мешавад! Дар ин боронгариҳои беисту муддавом чӣ ҳолу аҳвол доред? Албатта, шумо, дӯстони «Ояндасоз», огоҳед, ки боронрезиву обхезиҳои 2 моҳи ахир сокинони чандин деҳу манотиқи кишварро бесарпаноҳ ва аз заминҳои кишташон ноумед кард. Бар асари боришои зиёду обхезӣ ҳамчунин то имрӯз 6 нафар, аз ҷумла 3 кӯдаку 1 донишҷӯ, фавтидаанд.

«Ояндасоз» ин навбат шуморо ба сафари яке аз чунин деҳоти аз боришоту селхезӣ осебдида даъват мекунад.

Ёвон. Пас аз сел
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:55 0:00


Сокинони деҳаи Обимукӣ, ки дар 10 километрии ноҳияи Ёвон қарор дорад боронрезиҳои рӯзи душанбе 4 майро бо даҳшату оби чашм ёд мекунанд. Чун маҳз дар он рӯз аксари онҳо аз хонаву дар ва чорвову ашёҳои рӯзгорашон маҳрум шуданд. Боришоти шадид дар нимаи дуввуми рӯзи 4 май ба ин деҳаи наздикуҳӣ сел овардаву беш аз 20 манзили онро хароб кард.

Зимни сӯҳбат бо "Ояндасоз" ҳатто ҷавонписарону мардони деҳ иқрор мешуданд, ки лаҳзаи обхезӣ дар деҳ ҳама ва ҳатто худи онҳо мегиристанд вале ба ҷуз аз наҷоти ҷони худу кӯдакон дигар илоҷ надоштанд. Обхезӣ дар ин деҳи наздикуҳӣ барои нахустин бор набудааст. Сокинони деҳ мегӯянд дар 3 соли ахир баробари боронрзеиҳои муддавом манзилу заминҳо онҳо зарар мебинанд. Вале ҷиҳати пешгирӣ ва ё кам кардани хавфи он масъулин ҳеҷ чорае андешида нашуд.

Ҳамсӯҳбатони мо дар деҳаи аз обхезӣ зарардидаи Обимукии Ёвон мегӯянд, агар борон ним соати дигар ба ҳамон шиддат идома мекард на танҳо хонаҳо тахриб мешуд балки талафоти ҷонӣ ҳам дар пай медошт. Холаи Бӯригул, ки ба ҳангоми селбориш барои ҳифзи маводи сӯзишвориаш ба берун мебарояд, зери об мемонад ва дигар ҳама умедаш аз зинда мондан меканад, вале ӯ ва духтари наврасаш хушбахтона тасодуфан наҷот меёбанд.

Мактаби бе ин ҳам садамавии деҳ низ аз аз боришоти шадид дар канор намондааст. Ба гуфтаи омӯзгорон рӯзи обхезӣ рӯзи истироҳатӣ ва мактаб холӣ буд. Ин селбориш дар назди мактаб як ҳавзи калонеро ба вуҷуд овардааст, дар замине, ки қарор буд мактаби нав бунёд шавад. Акнун ин ҳолат омӯзгорону хонандагони солҳои зиёд дар интизори мактаби ҷадидро ноумед кард, чун ба эҳтимоли зиёд ин замин акнун барои сохтмон ношоям гаштааст.

Замони ҳузури мо дар ин деҳ як кумиссиуни иборат аз ҳудудан 5 нафара ҳам аз Душанбе ва ҳукумати ноҳияи Ёвон бо ҳолату паёматҳои обхезӣ дар деҳ ошно мешуд. Ва замони сӯҳбат сокинони деҳ аз кӯмак нагирифтанбаъд аз обхезӣ, яъне бо гузашти 4 рӯз аз рӯзи селбориш кумак нагирифтанашон нороҳати мекарданд Раҳматуллоев як масъули суғурта ба суҳбат ҳамроҳ шуда дар мавриди надоштани шартномаи суғуртавӣ бо онҳо баҳс кард. Ин ҳама баҳс ва сӯҳбатҳои сокинони деҳро аз «Ояндасоз» гӯш кунед.

Барои шунидани ин барнома дар тарафи рост дар боло тугмаи "Бишнавед"-ро зер кунед.
XS
SM
MD
LG