Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари мухолифин низоми хунтаро халалдор кард


Раҳбари мухолифини Маянмар хонум Аун Сан Су Чжи ва ду зане, ки дар манзили ӯ ба сар мебаранд, шояд имрӯз мавриди муҳокимаи додгоҳӣ қарор бигиранд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, Аун Сан Су Чжи ва ҳамроҳонаш барои халадор кардани низоме маҳкум мешаванд, ки тибқи он ҳар шаҳрванди кишвар дар бораи дар манзилаш шабро рӯз кардани фарди хориҷӣ бояд ба мақомот хабар диҳад.
Қаблан дар бораи боздошти як шаҳрванди Амрико иттилоъ расида буд, ки бо сабаби номаълум бо Аун Сан Су Чжи и 63-сола дидору гуфтугӯ кард. Раҳбари мухолифини Мнямар ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Аун Сан Су Чжи 19 сол боз дар ҳабси хонагӣ қарор дорад ва хунтаи низомӣ ҳар қадами ӯро назорат мекунад.
XS
SM
MD
LG