Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия хостори тағйири мавқеъи Арманистон шуд


Туркия эълом дошт, то замоне, ки Арманистон мавқеъи худ дар баробари Қарабоғи кӯҳиро бознигарӣ накунад, марзҳояш бо ин кишварро боз нахоҳад кард. Изҳороти сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ин бора дар Боку, дар нишасти хабарии муштарак бо раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев садо дод. Ӯ гуфт, “марз миёни Туркия ва Арманистон кай баста шуд? Замоне, ки Қарабоғи кӯҳӣ аз сӯи Арманистон тасарруф гардид. Дар натиҷа марз баста шуд. Вақте ин ин тасарруф поён меёбад, марз ҳам боз мешавад”.
Моҳҳои ахир ИМА талош дорад, ки равобити миёни Туркия ва Арманистон аз сар гирифта шавад.
XS
SM
MD
LG