Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 10 миллион зарари борон ба соҳаи кишоварзӣ


Бино ба иттилои вазорати кишоварзии Тоҷикистон, боришоти рӯзҳои охир ба соҳаи кишоварзии кишвар беш аз даҳ миллион доллар зарар ворид кардааст. Боронгариҳои шадид беш аз 14000 ҳектор замини киштро шуста нобуд кардааст, ки ҳудуди 5400 ҳектори он замини пахта ва беш аз 3600 ҳектор замини ғалла мебошад. Инчунин 1830 ҳектор боғзор ва ҳудуди 1400 ҳектор токзор, ки мева ва ғурра баста будаанд, ба пуррагӣ несту нобуд шудаанд.
XS
SM
MD
LG