Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз сари бин Лодин хатар побарҷой хоҳад монд?


Таҳлилгарон мутмаинанд, ки баъд аз қатли Усома бин Лодин хатари терроризм камтар нахоҳад шуд

“Ман хостори адолати додгоҳиям. Ёд дорам, як лавҳаи қадимаи ғарбӣ буд, ки дар он навишта шуда буд – зинда ё мурда бояд боздошт шавад”.

Ин гуфтаҳои Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури вақти ИМА, дар робита ба дастури боздошти Усома бин Лоден, ки баъд аз ҳамлаҳои террористии рӯзи 11 сентябри соли 2001 садо дода буданд, баъд аз даҳ сол ва акнун замони қудрати раҳбари дигари Амрико Барак Обама татбиқ шуданд.

АДОЛАТ ПИРӮЗ ШУД?

Коршиносон мегӯянд, ки зинда дастгир кардани Усома бин Лоден, албатта, арзиши бештар дошт, ба вижа, барои мақомоти иктишофӣ. Ва аммо, он чӣ, ки ҷасади раҳбари “Ал-Қоида” баъд аз амалиёт дар махфигоҳаш дар шаҳри Абботобод, воқеъ дар наздикиҳои пойтахти Покистон, ба дасти нерӯҳои вижаи амрикоӣ уфтодааст, бидуни шубҳа хело боарзиш аст.

Дар ҳамин ҳол ба назар мерасад, ки барои пайвандони тақрибан 3 ҳазор қурбониёни ҳамлаҳои террористии тақрибан даҳ соли пеш ба Ню- Йорк ва Вошингтон чӣ гуна аз байн бурдани Бин Лоден муҳим нест.

Гордон Фелт, раиси Гурӯҳи хонаводаҳои қурбониёни хатсайри 93, ҳавопаймое, ки баъд аз бархӯрди мусофирону ҳамлагарон дар як мавзеъи аёлати Пенсилвания суқут кард, хабари нобудсозии раҳбари “Ал-Қоида”-ро барои ҷаҳон муҳим мехонад. “Ин хабар дарди моро сабук нахоҳад кард ва пайвандонамонро барои мо дигарбора барнамегардонад, ва аммо воқеъан дарки он нукта хуш аст, ки созмондиҳандаи фоҷиаи 11 сентябр ва яке аз чеҳраҳои терроризми байнулмилалӣ дигар тавони ҷафокорӣ нахоҳад дошт”, мегӯяд Гордон Фелт.

ОБАМА: МО ТАВОНИ НОБУДСОЗИИ “АЛ-ҚОИДА”-РО ДОРЕМ

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, зимни суханронӣ шоми 1 май изҳор намуд, нобудсозии Усома бин Лоден баёнгари он аст, ки Амрико тавони аз

байн будани таҳдидҳои Ал-Қоидаро дорад. Ӯ гуфт, ки “мо
ҳеҷ гоҳ таҳдид ба амниятамонро таҳаммул намекунем ва ҳеҷ гоҳ дар баробари куштори одамон бетафовут нахоҳем монд. Мо пайваста дар ҳимояти шаҳрвандонамон, дӯстону ҳампаймонҳоямон хоҳем буд”
.

Обама афзуд, “мо ба хонаводаҳое, ки бар асари терори Ал-Қоида пайвандони худро аз даст додаанд, мегӯем – адолат пирӯз шуд”.

Ва аммо бархе коршиносон мегӯянд, ки аз байн бурдани раҳбари Ал-Қоида бештар арзиши рамзӣ дорад. Аз нигоҳи онҳо, дар даҳсолаи баъд аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябр ҳаракати ҷиҳод дар кишварҳое чун Яман, Алҷазоир ва Ироқ доман паҳн кард - дар ин кишварҳо ҷонибдорони “Ал-Қоида” солҳои ахир мустақилона амал мекунанд.

БАЪДИ БИН ЛОДЕН КӢ БИН ЛОДЕН ХОҲАД ШУД?

Пол Роҷерс, донишманди Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти ҷаҳонӣ дар Донишгоҳи Бредфори Бритониё мегӯяд, солҳои ахир Усома Бин Лоден аз чеҳраҳои фавқулодда муҳим набуд ва аз ин рӯ нобудсозии ӯро наметавон “лаҳзаи чархиш ва калидӣ дар ҷанги густарда бо терроризм” номид.


Ҳарчанд пажуҳишгар иқрор мекунад, ки нобудсозии “терррористи рақами як” барои ИМА хело муҳим аст ва табиист, ки шодии зиёдеро, аз ҷумла, дар Ню-Йорк ба думбол хоҳад дошт".

Аз нигоҳи Пол Роҷерс, ҳалокати Бин Лоден мушкили таҳдиди ҳамлаҳои террористии ояндаро ҳал нахоҳад кард. Ӯ мегӯяд, "мо шоҳиди бомгузорӣ дар қаҳвахонаи маркази шаҳри Марокаш дар чанд рӯзи пеш шудем ва ин баёнгари он аст, ки ин ҷунбиш ба гурӯҳҳои зиёди хурд табдил шудааст. Дигар гурӯҳҳо дар Яман ва шояд дар дигар манотиқи Африқои шимолӣ фаъоланд. Ҳамин тариқ, мо бо як мушкили густурда рӯ ба рӯем”.

Дар ҳамин ҳол нобудсозии раҳбари Ал-Қоида суолеро дар миён мегузорад, ки акнун кӣ ҷойгузини ӯ хоҳад шуд?

Бештари коршиносон ангушти ишора сӯи Аймон Ал-Завоҳирӣ, табиби собиқ аз Миср мекунанд, ки, ба истилоҳ, сутуни ғоявии шабакаи Ал-Қоида маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG