Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тонкҳои Қаззофӣ ба мавозеи шӯришиён ҳамла бурданд


Имрӯз нируҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия бо тонкҳо ба мавозеи нируҳои шӯришиён дар шаҳри Мисрота ҳамла бурданд. Ин шаҳр дар муҳосира қарор дорад. Кормандони беҳдошт мегӯянд, ки дар давоми шаб дар даргириҳо дар Мирота, ки севвумин шаҳри бузурги Либия мебошад, дастикам 6 нафар кушта шудаанд ва даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ҳамин ҳол дар Троблус ба дафни Сайфулараб-ҷавонтарин писари Қаззофӣ ва се набераи вай омодагӣ идома дорад. Онҳо дар як амалиёти нируҳои НАТО кушта шудаанд. Туркия ба сабаби ташдиди вазъ дар Троблус сафоратхонаи худро дар ин шаҳр бастааст.
XS
SM
MD
LG