Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон дипломҳои хориҷиро эътироф кард


Туркманистон иҷоза дод, ки ниҳодҳои давлатӣ хатмкардагони донишгоҳҳои хориҷиро ба кор гиранд. Раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар бора қарори махсус ба имзо расонд ва гуфт, “ҷавононе, ки дар хориҷа таҳсил кардаанд, бояд донишу таҷрибаи худро бино ба заруратҳои давлат амалӣ карда тавонанд. Ҳанӯз бо дастури президенти пешини Туркманистон, Сафармурод Ниёзов, аз соли 2004 ба ин сӯ дар ниҳодҳои давлатӣ кор кардани хатмкардагони донишгоҳҳо хориҷӣ мамнӯъ буд ва дипломи ягон кишвари хориҷӣ дар Туркманистон эътироф намегашт. Танҳо адр соли 2009 дипломи донишгоҳҳои олии Русия мақоми расмӣ пайдо карда буданд.
XS
SM
MD
LG