Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихвонулмуслимини Миср вориди майдон мешавад


Нишони Ихвонулмуслимини Миср
Нишони Ихвонулмуслимини Миср
Ихвонулмуслимин, бузургтарин гурӯҳи исломии Миср, эълон кард, ки ба интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ номзад пешбарӣ намекунад, вале барои дастикам нисфи курсиҳои парлумон вориди мубориза хоҳад шуд. Маҳмуд Мисрӣ, раҳбари ҳизби Озодӣ ва адолат, ки Ихвонулмуслимин ба тозагӣ таъсис додааст, гуфт, онҳо ҳизби мазҳабӣ нестанд ва дари ҳизб “ба рӯи номзадҳои чӣ мусалмон, чӣ масеҳӣ ва чӣ зан боз аст.”
Ихвонулумуслимин аз муташаккилтарин аҳзоби сиёсии Миср буда, афзоиши нуфузаш нигарониҳо дар бораи ба як нирӯи пурқудрат дар сиёсати Миср табдил шудани Исломи сиёсиро доман задааст. Ин гурӯҳи расман мамнӯъ дар барандохтани Ҳуснӣ Муборак дар моҳи феврал нақши умда бозӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG