Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати Сайфулараб ва 3 набераи Қаззофӣ


Девори аз ҳамлаи НАТО тахрибшудаи манзили Сайфулараб Қаззофӣ
Девори аз ҳамлаи НАТО тахрибшудаи манзили Сайфулараб Қаззофӣ

Мақомоти Либия мегӯянд, Муаммар Қаззофӣ аз як зарбаи ҳавоии НАТО дар Троблус ҷон ба саломат бурд.

Вале бар асоси гузоришҳои тасдиқношуда, дар натиҷаи ин ҳамла писари 29-солаи Қаззофӣ ва 3 набераи ӯ кушта шудаанд.
Гуфта мешавад, дар соати ҳамла Муаммар Қаззофӣ ва завҷаи ӯ дар ин манзил будаанд, вале ҳарду ҷони солим ба дар овардаанд...


Бино ба хабарҳо, ин ҳамла болои манзили Сайфулараб, писари 29-солаи Қаззофӣ дар минтақаи Бобулазизия, дар ҷануби Троблус ё Триполӣ сурат гирифт.

Мӯсо Иброҳим, сухангӯи давлати Либия дар Троблус ба хабарнигорон гуфт, ҳар се кӯдаки кушташуда дар ҳамлаи НАТО ноболиғ буданд.

"МО АФРОДРО ҲАДАФ ҚАРОР НАМЕДИҲЕМ"

Ҷаноби Иброҳим ин ҳамларо сӯиқасди мустақим ба ҷони Муаммар Қаззофӣ номид, вале гуфт, ба ӯву завҷаааш осебе нарасидааст: “Вазъи худи раҳбар хуб аст. Ӯ осеб надидааст. Вазъи ҳамсараш низ хуб аст. Ӯ ҳам осебе надидааст.”

Паймони НАТО бо пахши як баёния мустақиман ҳадаф гирифтани Қаззофӣ ё аъзои хонаводаи ӯро радд кард ва гуфт, “мо афродро ҳадаф қарор намедиҳем.” Ин дар ҳолест, ки сухангӯи давлати Либия Мӯсо Иброҳим ба хабарнигорон гуфтааст, “ин ба ҳама рӯшан аст, ки ончи ки дар Либия мегузарад, рабте бо дифоъ аз мардуми мулкӣ надорад.”

Фармондеҳи амалиёти НАТО дар Либия генерал-лейтенанти канадоӣ Шарл Бошар гуфтааст, ҳамлаи Троблус як бахши тавсеаи амалиётҳост, ки аз байн бурдани марокизи фармондеҳии ношии таҳдид ба мардуми мулкиро ба ҳадаф дорад.

ВАЗЪУ ҲОЛИ ЛИБИЯ ДАР АКСҲО:



ХАБАРИ "ҲАНӮЗ ТАСДИҚНОШУДА"
Амалиёти Либия, ки бар асоси қатъномаи СММ сурат мегирад, кумак ба чирикиҳоеро ба ҳадаф дорад, ки мехоҳанд Муаммар Қаззофиро баъд аз 42 соли ҳукуматаш бар Либия барандозанд...


Сарвазири Бритониё Девид Камерон низ рӯзи якшанбе, 1-уми май, дигарбора аз сиёсатҳои паймони низомии НАТО ҳимоят кард ва гуфт, амалиёти эътилоф дар Либия дар чаҳорчӯби таъйинкардаи қатъномаи Созмони Милал идома дорад.

Аммо ҷаноби Камерон аз ҳар навъ ташреҳи хабари марги писару набераҳои Муаммар Қаззофӣ худдорӣ карда, ин гузоришҳоро “ҳанӯз тасдиқношуда” номид.

Вазорати умури хориҷии Русия аз хабарҳои расида дар бораи кушта шудани пайвандони Қаззофӣ изҳори нигаронӣ карда, чунин амалҳоро муноқиз бо қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ хондааст, ки ба дифоъ аз мардуми мулкии Либия даъват мекунад, на ба “табдили раҳбараш”.

ШУБҲАИ МАСКАВ

Маскав мегӯяд, шаби 1 май дар Троблус чанд иншооти дигар, аз ҷумла китобхонаи парлумони Либия, як маркази ҳимоят аз атфол ва толори супурдани эътиборномаи суфарои хориҷӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Вазорати хориҷаи Русия ҳамчунин даъвоҳои аъзои эътилофро, ки мегӯянд, аз байн бурдани Қаззофӣ ва аъзои хонаводаи ӯро ҳадаф надоранд, “сахт машкук” хондааст.

Амалиёти Либия, ки бар асоси қатъномаи СММ сурат мегирад, кумак ба чирикиҳоеро ба ҳадаф дорад, ки мехоҳанд Муаммар Қаззофиро баъд аз 42 соли ҳукуматаш бар Либия барандозанд. Чирикиҳо дар ҳоли ҳозир бахши аъзами шарқи ин кишвари арабии Африқои шимолиро дар назорат доранд.

ҚАЗЗОФӢ ВА 42 СОЛИ ҲУКУМАТАШ

Муаммар Қаззофӣ
Муаммар Қаззофӣ, ки аз соли 1969, инак 42 сол боз бо панҷаҳои оҳанин бар ин кишвари арабии Африқои шимолӣ ҳукм меронад, рӯзи шанбе дар як паёми телевизионӣ ба НАТО пешниҳоди оташбас ва музокирот кард, вале гуфт, қасди рафтан аз мақом ё тарки Либияро надорад. Қаззофӣ гуфт, дар сурати қатъ шудани ҳамлаҳои НАТО худи мардуми Либия тавони ҳалли масоилашро хоҳад дошт.

Аммо ин пешниҳоди музокирот ва оташбаси Муаммар Қаззофӣ ҳам аз сӯи НАТО ва ҳам аз ҷониби Шӯрои миллии гузор, ташаккули асосии чирикиҳои Либия, радд шуд. НАТО гуфт, бояд пеш аз ҳама худи нерӯҳои Қаззофӣ ба ҳамла болои мардуми мулкӣ хотима диҳанд.

Чирикиҳо бо радд кардани пешниҳоди музокирот бо режими ҳоким гуфтаанд, Қаззофӣ дар ояндаи Либия ягон нақш бозӣ нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG