Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия боҷи бензини содиротиашро боз боло бурд


Русия аз имрӯз, 1 май, боҷи фурӯши бензинаш ба хориҷро 44 дарсади дигар боло бардошт. Акнун ин боҷ барои содироти ҳар тонна бензини Русия 408 долларро ташкил медиҳад. Сарвазири Русия Владимир Путин ахиран дар вокуниш ба камбуди маводи сӯхт дар дохили ин кишвар ҷиҳати афзоиши боҷи содирот тасмим гирифт.
Аз аввали соли гузашта ба ин сӯ Маскав бори севвум аст, ки болои фурӯши бензинаш ба хориҷ боҷ эъмол мекунад. Бори охир дар ин роҳ дар моҳи март иқдом шуда буд, ки боиси то ба 5 сомонӣ расидани қимати ҳар литри бензин дар сӯхтфурӯшиҳои Тоҷикистон шуд. Дар Тоҷикистон, ки 75 дарсади бозори маводи сӯхташ аз Русия таъмин мешавад, тарс доранд, ки қимати бензин акнун боз ҳам башиддат боло хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG